12 июни соли 2019, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-007 назди Институти кимиёи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи В.И. Никитин (ш. Душанбе, к. Айнӣ 299/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Кучаров Маҳмадамин Сатторович дар мавзӯи «Таъсироти комплексии таркиби ингибиронанда дар асоси қатрони равғани растанӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.17.03 – Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи АИ ҶТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, к. Айнӣ 299/2 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

14:03, 21st September 2019
«  Сентябр 2019  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930