12-уми июни соли 2019 соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-012 назди Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар факултети механикаю математика (734027, ш. Душанбе, кӯчаи Буни-Ҳисорак, бинои 17, синфхонаи 216) ҳимояи диссертатсияи Давлатбеков Фирдавс Давлатбекович дар мавзӯи «Усулҳои хаттии наздиккунии беҳтарин ва қутрҳои маҷмӯи функсияҳо дар фазои Харди» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.01 – Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

07:32, 24th July 2019
«  Июл 2019  »
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031