ТАВАҶҶУҲ!

28 сентябри соли 2019, соати 1000 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 дар пойгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146) ҳимояи диссертатсияи Шодии Давлаталӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани самаранокии иқтисодии истифодабарии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси маълумотҳои минтақаҳои хушки вилояти Хатлон)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва хоҷагии қишлоқ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

16:28, 25th June 2021
«  Июл 2021  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031