26 сентябри соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-028 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121) ҳимояи диссертатсияи Камолова Гадобегим Раҳимовна дар мавзӯи « Асосҳои лингводидактикии таълими пунктуатсия ва нақши он дар саводнокии нутқи хаттию шифоҳии хонандагон дар дарсҳои забони тоҷикӣ » барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогика аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (Забон ва адабиёти тоҷик) мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

00:20, 22nd September 2019
«  Сентябр 2019  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930