- Пурра
-
Санаи нашр: 28. Июн 2019
-
1498
28-уми сентябри соли 2019, соати 10.00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67) ҳимояи диссертатсияи Икромова Инобатҷон Умарбоевна дар мавзӯи «Хусусиятҳо ва усули ташкили маҳфилҳои таълимӣ барои омодасозии омӯзгорони ояндаи информатика (дар асоси маводҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогика аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (методикаи таълими информатика) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.




