12-уми декабри соли 2019, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-029 назди Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода, 30) ҳимояи диссертатсияи Шодиев Фирдавс Тошмаматович дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ташкилӣ – иқтисодии истифодаи иқтидорҳои инноватсионии корхонаҳои соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ (бо маводи корхонаҳои нақлиётии мусофирбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 - Иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ (идоракунии инноватсияҳо) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДСРТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода, 30 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

16:56, 4th June 2020
«  Июн 2020  »
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930