- Пурра
-
Санаи нашр: 18. Октябр 2019
-
915
23 январи соли 2020, соати 9:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10, маҷлисгоҳи Шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Кадиров Абдурашид Абдурахимович дар мавзӯи «Асосҳои физикӣ-химиявии технологияи коркарди молибденитии кони “Янгикони Ҷанубӣ” (Тоҷикистон)», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.16.02 – Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осими ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10, шинос шудан мумкин аст.




