- Пурра
-
Санаи нашр: 29. Октябр 2019
-
697
30 январи соли 2020, соати 9:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10, маҷлисгоҳи Шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Воҳидов Аҳрорҷон Аҳмадович дар мавзӯи «Омодакунии рӯяи ҷузъиётҳо бо усули фавра-абразивӣ таҳти андудани рӯйпӯшкунии газӣ-ҳароратӣ», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.02.07 – Технология ва таҷҳизоти коркарди механикӣ ва физикию техникӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10, шинос шудан мумкин аст.






