28 феврали соли 2020, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-037 дар назди Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4) ҳимояи диссертатсияи Шабозова Адолат Аъзамовна дар мавзӯи «Аппроксиматсияи хатҳои каҷи фазоӣ ва татбиқи онҳо дар назарияи квадратур» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.01 – Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АИ ҶТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

04:46, 20th February 2020
«  Феврал 2020  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829