- Пурра
-
Санаи нашр: 10. Январ 2020
-
752
10 апрели соли 2020, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, толори Шӯрои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Абдуллозода Фарҳод Нусратулло дар мавзӯи «Хусусиятҳои ташаккул ва рушди Суди Олӣ дар Тоҷикистон ва Россия: давраи шӯравӣ ва пасошӯравӣ (таҳлили муқоисавии таърихӣ–ҳуқуқӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯи ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.




