- Пурра
-
Санаи нашр: 31. Январ 2020
-
1580
02 майи соли 2020, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146) ҳимояи диссертатсияи Раҳимов Сарабек Давлатович дар мавзӯи «Рушди шаклҳои хурди хоҷагидорӣ дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва хоҷагии қишлоқ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 шинос шудан мумкин аст.




