11 июни соли 2020, соати 9:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои умҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А, толори маҷлисгоҳ) ҳимояи якдафъаинаи диссертатсияи Палавонов Комрон Муминович дар мавзӯи «Ҷанбаҳои гидрохимиявии технологияи беҳгардонии хосиятҳои органолептикии обҳои зеризаминии минтақаҳои Фахробод ва Султонободи Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия ва 02.00.03 - Химияи органикӣ, баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИМО,ГЭваЭ АИ ҶТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кӯчаиАйнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

16:43, 22nd September 2020
«  Сентябр 2020  »
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930