24 июни соли 2020, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар факултети механикаю математика (734027 ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 17, аудиторияи 216) ҳимояи диссертатсияи Хуромонов Хуромон Мамадамонович дар мавзӯи «Наздиккунии миёнаи функсияҳои аналитикӣ ба воситаи суммаҳои Фурйе дар фазои Бергман ва баъзе масъалаҳои экстремалӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.01 – Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

01:24, 7th April 2020
«  Апрел 2020  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930