6 июли соли 2020, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, шаҳраки Буни Ҳисорак, бинои таълимии 10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори Шӯрои олимон, 503) ҳимояи диссертатсияи Абдуқодирзода Саидмукаррам дар мавзӯи «Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва суннати тафсирнигории Қуръон ба забони форсии тоҷикӣ (асрҳои X-XV)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.01 – Адабиёти тоҷик баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

12:30, 26th May 2020
«  Май 2020  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31