ТАВАҶҶУҲ!

25 феврали соли 2021, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, шаҳраки Буни Ҳисорак, бинои таълимии 10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори Шӯрои олимон, 503) ҳимояи диссертатсияи Тураев Абунаср Маҳмадхоҷаевич дар мавзӯи «Хусусиятҳои грамматикӣ ва лексикии муарработи забони форсӣ (тоҷикӣ) дар забони арабӣ (аз рӯйи маводи "Фарҳанги ҷомеи корбурдии фарзон") - и Парвизи Атобакӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.22 – забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия (забони форсӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

12:33, 18th January 2021
«  Январ 2021  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31