14 декабри соли 2018 соати 09:00 дар ҷаласаи Шўрои диссертатсионии 6Д КОА-036 аз рӯйи ихтисоси 6D 010300 – педагогикаи умуми, таърихи педагогика ва таҳсилот дар назди Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилот аз рӯйи нишонии 734024, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 45, ошёнаи дуюм толори Шӯрои олимон ҳимояи рисолаи Қодирова Бунафшамоҳ Азизуллоевна дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди ҳавасмандӣ ба омӯзиши забони руссӣ дар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии иқтисодии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ПРМ АТТ ва дар китобхонаи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилот бо нишонии 734024, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 45 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

07:36, 26th September 2018
«  Сентябр 2018  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30