29 декабри соли 2018, соати 12-00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2, толори шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Абдураҳмонова Муқадамхон Зокирхоновна дар мавзӯи «Хусусиятҳои рушд ва такомули низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар иқтисодиёти миллии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734055, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

01:18, 23rd February 2019
«  Феврал 2019  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728