8 январи соли 2019, соати 12.00 дар Муассисаи давлатии Пажӯҳишгохи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Вазорати Тандурусти ва Ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (к. Мирзо-Турсунзода, 31, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб Ҳоҷиева Парвина Искандаровна дар мавзӯи «Вижагиҳои раванди гестатсионӣ ва оқибатҳои перинаталӣ дар занҳои ҳомилаи дугоникдор вобаста ба навъи хориалӣ» аз рўи ихтисоси 14.01.01. «Момопизишкӣ ва бемориҳои занона», баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Пажӯҳишгохи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Вазорати Тандурусти ва Ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи пажӯҳишгоҳ бо нишонии 734002, ш. Душанбе, куч. Мирзо-Турсунзода 31 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

17:29, 23rd March 2019
«  Март 2019  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31