25 январи соли 2019, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-032 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10) ҳимояи диссертатсияи Бандишоева Рисолат Мирзошоевна дар мавзӯи «Таҳияи системаи автоматонидашудаи идоракунии обёрии қатрагии пахта дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.13.01 – Таҳлили системавӣ, идоракунӣ ва коркарди иттилоот (илмҳои техникӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

23:16, 19th November 2018
«  Ноябр 2018  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930