07 феврали соли 2019, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10) ҳимояи диссертатсияи Хоҷаев Фируз Камолович дар мавзӯи «Диаграммаҳои ҳолат ва хосиятҳои термодинамикии хӯлаҳо дар асоси сурб» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.16.02 – Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10, шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

22:27, 19th November 2018
«  Ноябр 2018  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930