Бо қарори Раёсати
КОА назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 октябри соли 2019,
 № 9 тасдиқ шудааст

ДАСТУРАМАЛ
ОИД БА САНҶИШИ ДАРАҶАИ АСОЛАТИ МАТНИ ДИССЕРТАТСИЯ ВА АВТОРЕФЕРАТИ ДИССЕРТАТСИЯ АЗ РӮЙИ БАРНОМАИ КОМПЮТЕРИИ «АНТИПЛАГИАТ»

1. Муқаррароти умумӣ

  1. Дастурамал оид ба санҷиши дараҷаи асолати матни диссертатсия ва автореферати диссертатсия аз рӯйи барномаи компютерии «Антиплагиат» (минбаъд – Дастурамал) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тартиби санҷиши матни диссертатсия ва автореферати онро, ки барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, доктори ҳабилитат, номзади илм ё доктори илм аз шӯрои диссертатсионӣ ба Комиссия ворид ва ба баррасӣ қабул шудааст, равиши муайян намудани маводи ғайриқонунӣ иқтибосшуда ва/ё иқтибоси қонунии носаҳеҳ овардашударо танзим менамояд.
  2. Дастурамал тарзи корбарии кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия), аъзои шӯроҳои экспертӣ ва шӯроҳои диссертатсиониро дар мавриди санҷиши диссертатсия ва автореферати диссертатсия тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат» муқаррар менамояд.

2. Мафҳумҳои асосӣ

  1. Иқтибоси саҳеҳ – аз тарафи довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ бо мақсади иқтибосоварӣ дар диссертатсия ва автореферати диссертатсияи худ истифода бурдани қисми матни шахси дигар, бо ҳатман нишон додани муаллифи аслӣ ва сарчашмаи иқтибос, ки аз рӯйи қоидаҳои муқарраршудаи иқтибосоварӣ ба расмият дароварда шудааст.
  2. Иқтибоси носаҳеҳ – аз тарафи довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ бо мақсади иқтибосоварӣ дар диссертатсиява автореферати диссертатсияи худ истифода бурдани қисми матни шахси дигар, бо ҳатман нишон додани муаллифи аслӣ ва сарчашмаи иқтибос, вақте ки чунин нишондод (истинод) бо дуруст риоя накардани қоидаҳои муқарраршудаи иқтибосоварӣ ба расмият дароварда шудааст.
  3. Иқтибоси нораво – аз тарафи довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ дар диссертатсия ва автореферати диссертатсияи худ истифода намудани матни шахси дигар дар шакл ва/ё ҳаҷме, ки ба хонанда (эксперт) ҷудо кардани матни ғайриқонунӣ иқтибосшударо имконнопазир мегардонад.

3. Тартиби санҷиши диссертатсия ва автореферати диссертатсия

  1. Санҷиши диссертатсия ва автореферати диссертатсия барои муайян намудани мавҷудияти иқтибосҳои ғайриқонунӣ ва/ё иқтибосҳои қонунии носаҳеҳ бо ёрии барномаи компютерии «Антиплагиат» амалӣ гардонида мешавад.
  2. Нусхаи электронии диссертатсия ва автореферати диссертатсия ба Комиссия дар компакт-диск пешниҳод гардида, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
    • дар сатҳи ғайрикории компакт-диск насаб, ном, номи падари муаллифи диссертатсия ва автореферат, рамзи ихтисос бо фломастери покнашаванда навишта ё ҳамин гуна матни чопшуда часпонида шавад;
    • парвандаҳои (файлҳои) дохили диск дар формати docx (MS Word) ё pdf (portable document format) сабт шуда бошанд;
    • ҳаҷми парвандаҳо то 10 Мбайт зиёд бошад;
    • расмҳо, ангораҳо, нақшаҳо, тасвирҳо ва дигар иттилооти графикӣ дар формати jpg ё png пешниҳод карда шавад.
  3. Ҳангоми риоя нагардидани шартҳои банди 2 диск ба шӯрои диссертатсионӣ баргардонида мешавад.
  4. Бахшҳои сохтории диссертатсия – «Сарсаҳифа», «Мундариҷа», «Номгӯи ихтисораҳо ва (ё) аломатҳои шартӣ», «Муқаддима», «Тавсифи умумии таҳқиқот», «Рӯйхати адабиёти истифодагардида», истиноди поварақӣ, замимаҳо ва ҷадвалу иттилооти графикӣ санҷида намешаванд.
  5. Агар диссертатсия бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) навишта шуда бошад, он гоҳ муваққатан, то мукаммал гаштани пойгоҳи додаҳои Комиссия, ба ғайр аз диссертатсия матни «Қисмати асосӣ» ва «Хулоса»-и тарҷумаи русии автореферати он низ санҷида мешавад. Дар ин маврид талаб карда мешавад, ки асолати автореферат аз 80% кам набошад.
  6. Корманди амаликунандаи санҷиш дар Комиссия пас аз ворид намудани парвандаи диссертатсияи омодагардида тибқи талаботи банди 4 ва автореферати диссертатсия – тибқи талаботи банди 5 ба барномаи компютерии «Антиплагиат», ҳамаи манбаъҳои ба интишороти илмии муаллифи диссертатсия мувофиқатдоштаро, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ ба нашр расидаанд, аз Ҳисоботи пурраи барномаи компютерии «Антиплагиат» лағв менамояд.
  7. Дар матни диссертатсия ва автореферат, новобаста ба ҳаҷми иқтибосҳои овардашуда, бояд иқтибосҳои нораво вуҷуд надошта бошад, ғайр аз ин, иқтибосҳои носаҳеҳ набояд ба бахши «Натиҷаҳо»-и диссертатсия шомил гарданд.
  8. Пас аз коркарди диссертатсия ва автореферат тибқи банди 6, ҳиссаи иқтибосҳои саҳеҳ (ба истиснои ҳиссаи адабиёте, ки дар санҷиш то 1%-ро ташкил додаанд ва сарчашмаҳое, ки мавзўи таҳқиқот мебошанд) набояд аз 15% зиёд бошад.
  9. Корманди Комиссия, ки диссертатсия ё автореферати онро аз санҷиш гузаронидааст, ба маълумотномаи натиҷаи санҷиш имзо мегузорад, онро дар дафтари махсус ба қайд мегирад ва ба шуъбаи аттестатсионии дахлдор месупорад.
  10. Натиҷаи санҷиши диссертатсия ё автореферати он бо барномаи компютерии «Антиплагиат» хусусияти тавсиявӣ дорад. Дар мавриди
    • дар диссертатсия ё автореферат ошкор шудани иқтибосҳои нораво;
    • дар бахши «Натиҷаҳо»-и диссертатсия ошкор шудани иқтибосҳои носаҳеҳ ;
    • бештар аз 25% мувофиқат кардани матни диссертатсия бо манбаъҳо,
    эксперти шӯрои экспертӣ бо дарназардошти махсусиятҳои соҳаи илми таҳқиқшаванда ба ин гуна диссертатсия ё автореферат иловатан хулосаи асоснок пешниҳод менамояд.
  11. Санҷиши диссертатсия ё автореферати он бо ёрии барномаи компютерии «Антиплагиат» музднок буда, музди он тибқи нархномаи дахлдор ба суратҳисоби махсуси Комиссия пардохт карда мешавад.

 

 

Тақвим

06:53, 11th December 2019
«  Декабр 2019  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031