Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гуфтаҳои Шумо дар сомонаи иҷтимоии «Фейсбук» чунин маълумот пешниҳод менамояд.

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-058 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (Рhd) – доктор аз рӯи ихтисоси 6D110400 дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2020, №21/шд таъсис дода шудааст. Ба шӯрои мазкур барои баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фарматсевтӣ аз рӯйи ихтисоси 14.04.01 – Технологияи тавлиди доруворӣ ва номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.03.06. – Фармакология, фармакологияи клиникӣ иҷозат дода шудааст. Ҳайати шӯрои мазкур аз 17 аъзо иборат буда, аз онҳо 5 нафар доктори илмҳои тиб, 2 нафар доктори илмҳои фарматсевтӣ, 1 нафар доктори илмҳои биологӣ, 2 нафар доктори илмҳои кимиё, 3 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои фарматсевтӣ ва 3 нафар номзади илмҳои биологӣ мебошанд. Таъсиси шӯрои мазкур ба талаботи бандҳои дахлдори Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, № 505 тасдиқ шудааст, аз ҷумла бандҳои 19 ва 20 мутобиқат менамояд. Ҳамаи аъзои шӯрои номбаршуда олимони варзида буда, дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ кор мекунанд ва дар ин самт таҷрибаи бой доранд.

Дар мавриди ихтисосҳои фарматсевтӣ дар дигар кишварҳо аз ҷумла, Федератсияи Россия қайд менамоем, ки гуфтаҳои Шумо асос надорад ва рамзҳои 15.00.01 ва 15.00.02 дар Федератсияи Россия кайҳост, ки тағйир ёфтааст. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 23 октябри соли 2017, №1027, дар самти илмҳои фарматсевтӣ ихтисосҳои зерин: 14.04.01 – Технологияи тавлиди доруворӣ, 14.04.02 – Кимиёи фарматсевтӣ ва фармакогнозия, 14.04.03 – Ташкили кори фарматсевтӣ мавҷуд мебошанд.

Бояд қайд кард, ки рамзи ихтисосҳои айни ҳол дар Федератсияи Россия мавҷудбуда, ба феҳристи таснифоти намунавии самт ва ихтисосҳои докторантура аз рӯйи ихтисос, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 апрели соли 2017 тасдиқ шудааст, мувофиқат менамояд.

Оид ба тавсияи Шумо дар мавриди тибқи фармоишҳою дастурамалҳои Вазорати маориф ва илм амал кардан ва дар коллегияи он ҳисобот додани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаминро қайд менамоем, ки ин масъала на ба Шумо ва на ба ваколатҳои вазифавии Шумо дахле надорад. Комиссия тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, № 255 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар асоси Низомномаи худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2015, № 504) ва тибқи талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, на бо дастуру супоришҳо ва тавсияю пешниҳодҳои подарҳавои шахсони алоҳида. Иловатан гушрас менамоем, ки як вақте ба Комиссия ташриф оварда будед ва бо камоли эҳтиром бо Шумо сӯҳбати самимие низ сурат гирифта буд. Ҳамон вақт аз Шумо хоҳиш шуда буд, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ҳуҷҷатҳоятонро бояд нострификатсия намуда, аъзои ҳамон шӯрои диссертатсионӣ шавед, вале Шумо розӣ нашудед. Якчанд ҳамтоёну ҳамкасбони Шумо, ки дар хориҷи кишвар ҳимоя кардаанд, ҳуҷҷатҳояшонро нострификатсия карда дар фазои ҳуқуқии кишвар кору фаъолият доранд. Вале ҳоло бошад, Шумо ба шикоятнависӣ даромадаед ва чуноне ки ба мо маълум гардид, аризабозию шикоятнависӣ ба Шумо касб шудаю ба як навъ беморӣ табдил ёфтааст. Устоди гиромӣ хафа нашавед, инсоф ҳам даркор аст ва ин амал ба олими воқеӣ зебанда нест.

Дар охир мехостем оид ба тарзи баёни матлаб аз тарафи Шумо ибрози назар намоем.

Агар набудани баъзе аломату намудҳои хоси расмулхати забони тоҷикиро, ки дар фейсбук вуҷуд надорад, сарфи назар кунем, услуби гузориши матлаб аз тарафи Шумо ба забони омиёнаи кӯчаву бозор баён гардидааст ва чунин тарзи баён ба роҳбари як пажӯҳишгоҳи назди донишгоҳи муътабари ҷумҳурӣ айб аст.

Роҳбарон ва кормандони соҳаи илм бояд аз ҳар лиҳоз намунаи дигарон бошанд, ҳамеша таъкид мекунанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Умедворем аз ин эродҳо намеранҷед. Дар охир ҳаминро иброз медорем, ки бо вуҷуди ҳамаи ин Комиссия ҳамеша ба хотири ояндаи илми кишвар ва пешрафти соҳа ба ҳамкориҳои судманд ва беғаразонаю созанда омода аст.

Бо камоли эҳтиром,
Раис  А.Розиқзода

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

09:47, 23rd October 2020
«  Октябр 2020  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031