Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки то 15.01.2019 доир ба фаъолияти Шӯроҳо ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаи худро пешниҳод намоед.

Ҳисобот тибқи талаботи банди 5 Низомномаи намунавӣ оид ба Шӯрои диссертатсионӣ бояд ҳатман таҳлилӣ буда, фарогир ва инъикоси амиқи фаъолияти Шӯро, сатҳи илмии диссертатсияҳои ҳимояшуда, фаъолияти илмӣ (чопи мақолаҳои илмӣ), иштироки аъзо дар ҷаласаҳои Шӯро бошад. Ҳамчунин таклифу пешниҳодҳои худро оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯроҳо ва умуман раванди аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ омӯзгории тахассуси олӣ ба Комиссия манзур намоед.

 

 

Тақвим

16:37, 4th June 2020
«  Июн 2020  »
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930