
ДАВЛАТЗОДА Сайфиддин Хайриддин (тав. 25.09.1970), доктори илмҳои биологӣ (2013), профессор (2024), узви вобастаи АМИТ. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси химик-биолог хатм кардааст. Мавсуф солҳои 1996 –1998 ассистенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, солҳои 1998 –2000 аспиранти шуъбаи рӯзонаи институти ботаникаи АИҶТ, солҳои 2000–2006 омӯзгори калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзӣ, 2006 –2007 дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзӣ, 2007 –2009 мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, 2009 –2010 мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010–2014 сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014 –2015 сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015-2018 сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2018 –2020 муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2020–2024 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» кор ва фаъолият намудааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2022, №1080 бо Медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.
Давлатзода С.Х. муаллифи 3 монография, 26 китоби дарсӣ ва дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 130 мақолаҳои илмию оммавӣ мебошад. Ҳамзамон, зери роҳбарии ӯ 9 нафар довталабон рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.
Аз 29 январи соли 2024 дар вазифаи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор мекунад. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2024, №АП-526 раиси Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин карда шудааст.

