ШАРИФЗОДА Мумин Машокир (тав. 16.04.1965), доктори илмҳои иқтисодӣ (2012), профессор (2019). Соли 1991 Донишкадаи савдои советии кооперативии шаҳри Новосибирскро бо ихтисоси молшиносӣ ва ташкили савдои молҳои хӯрокворӣ, иқтисодчӣ хатм кардааст. Мавсуф солҳои 1994 –1997 директори ҶММ «Шарбат»-и ш. Новосибирск, 1997 –1998 дотсенти кафедраи маркетинги Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 1998 –2005 мудири кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи Комплекси ягонаи таълимии дар шаҳри Хуҷандбудаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 2005-2008 проректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба Комплекси ягонаи таълимии дар шаҳри Хуҷандбуда, 2008 –2017 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 2017 –2024 ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, аз 30 январи соли 2024 профессори кафедраи маркетинг-агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз 9 феврали соли 2024 дар вазифаи муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор мекунад.

Номбурда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 августи соли 2011, №1121 бо медали “Хизмати шоиста” ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023, №618 бо ордени “Шараф дараҷаи II” сарфароз гардонида шудааст.

Муаллифи зиёда аз 100 маводи чопӣ. Зери роҳбарии ӯ 10 нафар довталабон рисолаи номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2024, №АП-526 муовини раиси Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин карда шудааст.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org