
МАЪРУФӢ Расул Нурмуҳаммад (тав. 24.12.1983), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2021), дотсент (2018). Номбурда соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Солҳои 2008 –2014 ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2008 –2011 аспиранти Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2014 мудири бахши таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳои шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2015 муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2016 докторанти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз 1 июли соли 2019 дар вазифаи мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, аз 10 марти соли 2022 саркотиби илмӣ, аз 30 майи соли 2022 узви Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионӣ, аз 2 июни 2022 то ҳол дар вазифаи саркотиби илмии Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» кору фаъолият дорад.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2024, № АП-526 саркотиби илмии Раёсати Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин карда шудааст.

