- Пурра
-
Санаи нашр: 28. Декабр 2020
-
9443
07 апрели соли 2021, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ, 14а, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Мирбобоев Шухратжон Журабоевич дар мавзӯи «Пешгӯии равандҳои обпахшшавии домҳо ва чоҳҳои газӣ дар асоси функисияи равандҳои гузариш ва амсилаҳои гидродинамикӣ» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 05.26.01-Ҳифзи меҳнат (саноати сӯзишворӣ ва кимиёвї) ва 25.00.27 - Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИМО, ГЭ ва Э АМИТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.