- Пурра
-
Санаи нашр: 09. Март 2021
-
2820
24 июни соли 2021, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-026 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17) ҳимояи диссертатсияи Каримов Кароматулло Давламадович дар мавзӯи «Фалсафаи забон: (дар мисоли забони тоҷикӣ аз асрҳои миёна то имрӯз)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.03 – Таърихи фалсафа баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.