- Пурра
-
Санаи нашр: 30. Июн 2021
-
7027
11 ноябри соли 2021, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ, 14а, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Қувватов Файзиддин Мирзомуродович дар мавзӯи «Тадқиқоти таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ва офатҳои табиӣ ба ҳолати гидроэкологии дарёҳо» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои география аз рўйи ихтисоси 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИМО,ГЭ ва Э АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.