- Пурра
-
Санаи нашр: 02. Июл 2021
-
2825
18 ноябри соли 2021, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ, 14а, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Ҷаҳонгири Абдулвоҳид дар мавзӯи «Бехатарӣ ҳангоми истифодабарии хатҳои интиқоли қувваи барқи байнидавлатии шиддати баланд (дар мисоли CASA-1000)» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.26.01 – Ҳифзи меҳнат (электроэнергетика) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИМО,ГЭ ва Э АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.