- Пурра
-
Санаи нашр: 08. Ноябр 2022
-
1880
12 январи соли 2023, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ, 14а, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Боқизода Домулло Зафарҷон дар мавзӯи «Тозакунии обҳои шорандаи истеҳсолоти масолеҳи маҳкамкунӣ аз металлҳои вазнин (дар мисоли ҶДММ «Тоҷфилиз»)» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734042, ш.Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.