- Пурра
-
Санаи нашр: 19. Ноябр 2021
-
12302
Ба таваҷҷуҳи довталабони дараҷаҳои илмӣ расонида мешавад, ки минбаъд санҷиши асолати матни диссертатсия ва ё автореферати он пеш аз ҳимоя бо хоҳиши довталабон дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КОА) (қарори Раёсати КОА аз 28 октябри соли 2021, №8) ба роҳ монда мешавад.
Барои санҷиш нусхаи электронии диссертатсия ва ё автореферати он, рӯйхати интишороти довталаб ва нусхаи расиди пардохти ҳаққи хизматрасонӣ (ниг. ба нархномаи хизматрасониҳои давлатии пулакии КОА) ба почтаи электронии КОА Diese E-Mail-Adresse ist vor Spambots geschützt! Zur Anzeige muss JavaScript eingeschaltet sein! пешниҳод карда мешавад. Натиҷаи санҷиш низ ба тариқи почтаи электронӣ на дертар аз 5 рӯзи корӣ ирсол карда мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки қабули диссертатсия ва ё автореферати он танҳо тариқи электронӣ амалӣ мегардад.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳо оид ба санҷидани асолати матни диссертатсия ва ё автореферати он ба рақамҳои (+992 37) 227 77 96 муроҷиат намоед.
Фармоиши №326 (Оид ба санҷиши матни диссертатсия ва автореферат)