22 апрели соли 2021, соати 13:30 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-005, дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Камолова Гулбаҳор Насрединовна дар мавзӯи “Инъикоси таърихи давлати Сомониён дар матбуоти даврии Тоҷикистон дар охири асри ХХ-ибтидои асри ХХI” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.09 – таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ (илмҳои таърих) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

01:18, 1st September 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930