26-уми майи соли 2021, дар соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-012 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар факултети механикаю математика (ш. Душанбе, кӯчаи Буни - Ҳисорак, бинои 17, синфхонаи 203) ҳимояи диссертатсияи Абдукаримзода Муслими Кароматулло дар мавзӯи «Формулаҳои квадратурии беҳтарини тақрибӣ ҳисоб кардани интегралҳои каҷхатта дар фазои Rm» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.01 - таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

02:14, 1st September 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930