15 майи соли 2021, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2, толори шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Рустамов Фитрат Музафарович дар мавзӯи «Рушди иқтидори кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ бо ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо – соҳаи хизматрасонӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

03:15, 1st September 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930