9-уми октябри соли 2021, соати 9:00 дар шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-046 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Тиллобаева Салима Махмадалиевна дар мавзӯи «Аз таърихи инкишофи илми геометрия дар Осиёи Миёна ва Эрон дар асрҳои IX -XVII» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.10 – Таърихи илм ва техника баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

03:18, 1st September 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930