24 сентябри соли 2022, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Мусоева Бунафша Аламхоновна дар мавзӯи «Технологияи омодасозии омӯзгорони касбии оянда барои идоракунии инкишофи завқи математикии хонандагон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08.03 – Назария ва методикаи фанҳои риёзӣ, таҳсилоти касбӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

04:28, 1st September 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930