21 декабри соли 2022, соати 15:30 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-011 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 17, синфхонаи 203) ҳимояи такрории диссертатсияи Ғафоров Алишер Бобобекович дар мавзӯи «Коркарди амсилаи математикӣ ва барномасозии масъалаи муҳофизати агросенозаи пахта» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 05.13.18 – Амсиласозии математикӣ, усулҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

01:19, 1st September 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930