15 апрели соли 2023, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-026 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Дадобоева Муслима Бахтиёровна дар мавзӯи «Асосҳои педагогии фаъолнокии фаъолияти маърифатии хонандагон тибқи муносибати аксиологӣ дар раванди таълим (дар асоси маводҳои фанҳои биологӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01. – педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

03:22, 1st September 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930