27 апрели соли 2023, соати 09:00 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш.Душанбе, к.Айнӣ, 14а, маҷлисгоҳ) (Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-059) ҳимояи диссертатсияи Маҷидов Одинабой Шарифмуродович дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси равандҳои маҷроии дарёҳои Тоҷикистон дар шароити тағирёбии иқлим ва босуръат ташаккулёбии фаъолияти хоҷагиҳо» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734042, ш.Душанбе, к.Айнӣ, 14а шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

01:19, 1st September 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930