МУКОФОТ МУБОРАК!

Дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода А.Ш. бо рутбаи навбатии генерал-лейтенант, муовини раиси Комиссия Иброҳимзода Д.Э. ва мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ Гулаҳмадов Ҳ.Ш. бо медали «Хизмати шоиста» ва саркотиби илмии Комиссия Маъруфӣ Р.Н. бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.

Мукофотҳои раиси Комиссия Розиқзода А.Ш. ва муовини раиси Комиссия Иброҳимзода.Э.-ро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурда буданд.

Санаи 6 сентябр Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Э.С. ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Оқилзода Н. дар вазъияти тантанавӣ мукофотҳои давлатиро ба Гулаҳмадов Ҳ.Ш. ва Маъруфӣ Р.Н. супориданд.

 

 

 

Календарь

03:11, 1st September 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930