24-уми апрели соли 2021, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67) ҳимояи диссертатсияи Моҳираи Раҳмон дар мавзӯи «Асосҳои методии таълими элементҳои комбинаторика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (математика, таҳсилоти миёнаи умумӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

23:53, 28th May 2026
«  Май 2026  »
ВПВСЧПС
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31