15-уми апрели соли 2021 дар соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои 16, ошёнаи 2, толори Шӯрои олимон) ҳимояи рисолаи номзадии Кароматуллои Қурбонали дар мавзуи “Набототи ҳавзаи дарёи Ширкент (Тоҷикистони Марказӣ)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ аз рӯйи ихтисоси 03.02.01 – Ботаника баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

03:28, 29th May 2026
«  Май 2026  »
ВПВСЧПС
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31