17 сентябри соли 2021, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-030-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи диссертатсияи Мусоев Шуҳрат Маҳмадиевич дар мавзӯи «Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мафҳум ва хусусиятҳои асосӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 - ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

03:42, 29th May 2026
«  Май 2026  »
ВПВСЧПС
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31