- Пурра
-
Санаи нашр: 27. Август 2020
-
3006
28 ноябри соли 2020, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-027 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Вализода Шоирахон дар мавзӯи «Асосҳои педагогии ташаккули худшиносии миллии хонандагони хурдсол тавассути арзишҳои маънавии халқи тоҷик» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш.Хуҷанд, кӯчаи И.Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.