- Пурра
-
Санаи нашр: 24. Сентябр 2020
-
3260
24 декабри соли 2020, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, шаҳраки Буни Ҳисорак, бинои таълимии 10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори Шӯрои олимон, 503) ҳимояи диссертатсияи Сайфиддинова Гулчеҳра Азимовна дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар матбуоти даврии Тоҷикистон (дар заминаи маводи нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Озодагон» – 2000-2015)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Рӯзноманигорӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.