- Пурра
-
Санаи нашр: 20. Январ 2021
-
2822
22 апрели соли 2021, соати 14:00 дар Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-031 назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1) ҳимояи диссертатсияи Луғмонова Шафоат Одилҷоновна дар мавзӯи «Таҳқиқоти тағйирёбии хусусиятҳои метеорологӣ, оптикӣ ва микрофизикии атмосфера пеш аз ҳодисаҳои сейсмикӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рўйи ихтисоси 25.00.30 – Обуҳавошиносӣ, иқлимшиносӣ, обуҳавошиносии кишоварзӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1 шинос шудан мумкин аст.