- Пурра
-
Санаи нашр: 17. Март 2021
-
2840
19 июни соли 2021, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-027 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Маҳмудов Исмоилҷон Маҳмудҷонович дар мавзӯи «Ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ бо истифодаи технологияҳои муосир (дар раванди таълими математика)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.