- Пурра
-
Санаи нашр: 19. Май 2021
-
3045
27 августи соли 2021, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, толори Шӯрои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Наимов Бобоҷон Ғоибович дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқӣ-маъмурии низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯи ихтисоси 12.00.14 – Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.