21 октябри соли 2021, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ, 14а, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Абдуҷалилзода Фарзона дар мавзӯи «Хосиятҳои гармофизикии маҳлулҳои нанонуқрагӣ ва спирти метил вобаста аз ҳарорат, фишор ва истифодаи онҳо дар коллекторҳои офтобӣ» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 01.04.14 – Физикаи ҳароратӣ ва назарияи техникаи гармо баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИМО,ГЭ ва Э АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

22:29, 3rd July 2024
«  Август 2024  »
ВПВСЧПС
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031